Прокуратураи Душанбе ҳодисаи кӯдакистонро таҳқиқ мекунад
Пас аз паҳн шудани наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар он эҳтимолан муносибати номатлуби мураббӣ нисбат ба кӯдаки хурдсол дида мешавад, прокуратураи шаҳри Душанбе санҷишро оғоз кардааст.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, ҳодиса рӯзи 7 май дар кӯдакистони №12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ рух додааст.
Айни ҳол фаъолияти мураббӣ ва дигар масъулони муассиса мавриди таҳқиқ қарор дошта, баъди анҷоми санҷиш нисбат ба шахсони дахлдор қарорҳои қонунӣ қабул мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ