Пул деҳ ҳамхобагиямро ба занат намегӯям

Як зани 28-сола дар шимоли Тоҷикистон бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт шудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин зан сокини шаҳри Панҷакент буда, рӯзи 15 август дастгир шудааст. Ба иттилои манбаъ, вай соли 2015 бо марди 33-солаи сокини Панҷакент муносибати ошиқона дошта, баъди ду сол бо роҳи таҳдиди фош кардани ин муносибат аз ӯ 15000 сомонӣ талаб намудааст ва гуфтааст, ки агар пул пардохт нагардад, ҳамхобагиямонро ба ҳамсарат нишон медиҳам. Ба иттилои манбаъ, рӯзи сешанбе ҳангоми гирифтани ин маблағ аз ҷониби кормандони пулис боздошт шудааст:Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

Бо таҳдиди фош кардани муносибатҳои ошиқона талаб кардани пул дар Тоҷикистон ҳодисаи нодир нест. Дар гузашта низ Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз чандин ҳолатҳои мушобеҳ хабар дода буд. Аммо дар бештари маврид мардон аз духтарон пул талаб кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *