Пулиси Душанбе як зани ронандаро барои пахши пиёдагард дастгир кард

Дар шаҳри Душанбе ронандаи нақлиёти тамғаи “Лексус” Зарина Сафарова бо айби пахши пиёдагард дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар кӯчаи М.Турсунзода, рӯ ба рӯи тарабхонаи «Султанбей», ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус» бо рақами давлати 8400QQ01 Сафарова Зарина  ҳангоми гардиш дар ҷойи номуайяншуда, пиёдагарди хурдсол Шерзода З., сокини 9-солаи пойтахтро пахш намуд.

Дар натиҷа, кӯдак ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ҳоло дар беморхона бистарӣ мебошад.

Нисбати боздоштшуда парванда оғоз гардидааст.

Раёсати ВКД аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми идора кардани воситаҳои нақлиёт ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намоянд ва бо эҳтиёт бошанд, то ҳодисаҳои нохуш рух надиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *