Рӯдакӣ: «Оши сол» бидуни ош

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, сокинони ин ноҳия якдилона тасмим гирифтанд, аз ин ба баъд маъракаҳои чил ва сол бидуни додани таом баргузор карда шавандва мардум танҳо барои изҳори таслият ва хондани дуову фотиҳа ба чунин маъракаҳои азодорӣ бираванд.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуф гуфтааст, минбаъд дар ноҳияи Рӯдакӣ маросими «чил» ва «сол» бидуни додани таом баргузор карда мешаванд.Ба гуфтаи Юсуфӣ, «сокинони ин ноҳия якдилона тасмим гирифтанд, ки аз ин баъд ба маъракаҳои азодорӣ барои изҳори тасаллият ва хондани дуою фотиҳа раванд.”

Раиси ноҳия «сабукӣ бахшидан ба рӯзгори мардум, решакан намудани урфу одатҳои серхароҷот ва тарғиби сарфаю сариштакорӣ”-ро ҳадафи асосии ин тасмим номидааст.

Неъматулло Давлатзод, мудири бахши дин ва танзими расму ойин дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ  гуфтааст, ки дар нимаи аввали сол дар ин ноҳия 3130 маърака, аз ҷумла 295 маъракаи хатнасур, 1900 тӯйи домодию арӯсӣ, 592 маросими чил ва 343 маросими сол г доир шуда, мардум дар ин маъракаҳо 10 миллиону 636 ҳазору 922 сомонӣ маблағсарф кардаанд, ки назар ба як соли пеш 920 ҳазору 649 сомонӣ зиёд будааст. Ба ҳисоби миёна, мардум дар Рӯдакӣ барои ҳар маърака тақрибан 3400 сомонӣ, ё 350 доллар харҷ мекардаанд.

Ташаббуси мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати манъи додани додани таом дар маъракаҳои чилу сол дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи июл дар ҷаласае бахшида ба 10-солагии қабули қонуни танзими расму ойин хостори боз ҳам шадидтар кардани муқаррароти ин қонун шуд. Ба дунбол, масъулони Кумитаи дин гуфтанд, ки дар байни ду моҳ, яъне то моҳи сентябр бастаи тағйирот ба қонуни танзими расму ойин омода карда хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар мулоқоташ бо мардум дар ноҳияи Балҷувон гуфт, баъди қабули ин тағйирот ба қонуни танзим мардум алакай дар ду соли оянда ҳис хоҳанд кард, ки зиндагиашон чӣ қадар беҳтар мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *