Рафтори ғайриқонунӣ нисбати як муҳоҷир дар пулиси Воронеж (видео+аудио)

Ҳангоми таҳияи патент як корманди бахши муҳоҷират дар пулиси шаҳри Воронежи Русия як муҳоҷирро латукӯб карда, ӯро тела додааст.

Ин лаҳзаи бадрафторӣ нисбат ба муҳоҷир ба дурбини видео афтода, дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет босуръат паҳн мешавад. Дар видео дида мешавад, ки корманди пулис ҳангоми гирифтани изи ангушт ва акси як муҳоҷири ҷавоне, ки риши кӯтоҳи сиёҳ дорад, чанд бор ӯро бо дасташ мезанад, тела медиҳад ва бо ҳар роҳу восита шаъну шарафи ӯро поймол мекунад.

Ин видео мавҷи вокунишҳои манфиро дар миёни муҳоҷирон ва сокинони кишварҳои муҳоҷирфиристе чун Тоҷикистону Ӯзбекистон ба бор овардааст.

Баҳром Исмоилов, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар вокуниш ба ин видео навиштааст: “Корманд бояд аз кор барканор гардида, роҳбаронаш бояд шахсан аз муҳоҷири корӣ узр бипурсанд”.

Муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд пеш аз сабти ном ва шурӯи фаъолияти корӣ дар Русия асноди зиёдеро ҷамъ оварда, аз мароҳили зиёди ҳуҷҷатгузорӣ гузаранд. Онҳо дар баробари супурдани имтиҳони забони русӣ ва ташхиси тиббӣ бояд ҳамчунин дар пулис изии ангушт низ бисупоранд.

Бино ба охирин омори мақомоти Русия, дар 5 моҳи аввали соли 2022 ба ин кишвар аз хориҷ беш аз 6 миллион муҳоҷири корӣ ворид шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *