Раиси мардумӣ. Ободкору созанда аст ӯ
Раҳмоналӣ Амирзода яке аз пайравони асили Пешвои миллат аст, зеро ӯ дар кадом вазифае, ки фаъолият дошт, идомадиҳандаи иқдомҳои созандаи Пешвои миллат буд. Бале, ободкору созанда аст ӯ.
Раҳмоналӣ Амирзода замони фаъолияташ дар вазифаи раиси шаҳрҳои Кӯлоб, Исфара ва Ваҳдат ба дилу дидаи мардум роҳ ёфтаасту имрӯз соҳиби обрӯю эътибор ва манзалати калон аст. Ӯ ҳамчун яке аз пайравони Пешвои муаззами миллат дар пайи ободии ҳар як ваљаб хоки Тољикистон шуд. Вақте Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2019 ба ноҳияи Муъминобод сафари корӣ доштанд, маҳз бо амри эшон Р. Амирзода ба бунёди ду корхонаи саноатӣ, як меҳмонхона, роҳи 12-километрии Чилдухтарон — Ховалинг камари ҳиммат баст. Ҳоло дар ин объектҳо 50 нафар машѓули коранд. Аз роҳи дувоздаҳкилометрӣ аллакай 5 километраш тахту ҳамвор гардид. Дар Исфараву Кӯлоб низ корҳои шоёни ӯро халқ васф мекунанд.
Бояд имрӯз раисони шаҳру навоҳии кишвар чун Р. Амирзода кор кунанд ва корномаи ӯро сармашқи кори хеш созанд, яъне аз пайи созандагӣ, ободкорӣ ва хизмат ба мардум бошанд.
Раҳмоналӣ Амирзода имрӯз бознишаста бошад ҳам, эҳтироми хешро дар назди мардум аз даст надодааст.
Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор, ноҳияи Муъминобод
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ