Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: Як ваҷаб замин намондааст, ҳамаро харида шахсӣ кардаанд 

 Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров замин барои ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тамоман вуҷуд надорад.

Дар ин бора раиси ноҳия Нусратулло Салимзода имрӯз, 2-юми феврал зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

 Вай аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки ҳоло дар миқёси як ноҳияи калонтарини вилоят замин барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ нест.

 “Ҳамаро харидаанд, яъне шахсӣ карданд”,-гуфт номбурда.

Бино ба иттилои роҳбарияти ноҳия, ҳоло ғайр аз шаҳраки Сайҳун дар дигар ҷамоату шаҳракҳои ноҳия ягон ваҷаб замини холӣ вуҷуд надорад.

 Таъкид гардид, ки давоми соли 2023-юм аз шаҳраки Сайҳун ба беш аз 70 нафар сокинон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Аммо дар дигар минтақаҳои ноҳия барои ҷудо кардани замин ҷойи холӣ нест.

 “Як сол зиёд шуд, ки дар ҳамин ноҳия роҳбар ҳастам, аммо ба як маъюбе, ки сокини ҳамин ноҳия асту мехоҳад соҳиби замини наздиҳавлигӣ шавад, кӯмак карда наметавонам”,- иброз дошт Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Бино ба иттилои раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳоло масъулин тасмим гирифтаанд, бархе  қитъаҳои замини шахсӣ гардонидашударо, ки бекор хобидааст, гирифта ба баланси ҳукумат дароранд. Зеро тибқи таҳлилҳо дар бештари заминҳои азхудкардашуда, ягон иншооти сохтмонӣ ё худ ба манфиати халқ нигарондашуда, сохта нашудааст.

Аз ҳамин сабаб ҳоло бо чанде аз сокинон вохӯрӣ карда, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом додаанд ва ҳатто мӯҳлат дода шудааст. То заминҳои шахсигардонидашудаи бекорхобида аз нав ба баланси ҳукумат дароварда шуда, барои манфиати халқ ва сокинон истифода карда шавад. 

Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *