Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон: Моҳи Рамазон имсол 29 рӯз аст
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода хабар дод, ки имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз хоҳад шуд. Аз ин рӯ, Иди Фитр пас аз анҷоми моҳи Рамазон таҷлил мешавад.
Дар ин бора нашрияи “Истиқлол” дар заминаи суҳбат бо Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ду моҳи қаблии тақвими қамарӣ – Раҷаб ва Шаъбон пайдарпай 30 рӯз буданд. Бинобар ин, тибқи таҷриба ва ҳисобҳои илмӣ, моҳи Рамазон одатан 29 рӯз мешавад.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки имсол аксари кишварҳои олами ислом дар як рӯз рӯза гирифта, Иди Фитрро якҷоя таҷлил хоҳанд кард. Муфтӣ мардумро даъват кард, ки ба овозаҳо бовар накунанд ва аз ин ҳолат дар изтироб наафтанд, зеро ҳамаи қарорҳо бар асоси ҳисобҳои дақиқи тақвимӣ ва меъёрҳои шаръӣ гирифта мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ