Раиси собиқи Конибодом зиндонӣ шуд
Абдусалом Тӯхтасунзода, собиқ раиси шаҳри Конибодом барои “гирифтани пора” ва “қаллобӣ” гунаҳкор ва бо ҳукми суд барои 12 сол ба зиндон фиристода шуд.
Хабари содир шудани ҳукмро аз суди шаҳри Конибодом ва вилояти Суғд тасдиқ намуданд. Аммо “ба далели қувваи қонунӣ нагирифтани ҳукм”, ҷузъиёти бештарро ошкор накарданд.
Гуфта мешавад, ки ҳукм алайҳи Абдусалом Тухтасунзода, рӯзи 30 апрел зимни баргузории мурофияи судӣ дар шаҳри Конибодом содир шудааст.
“Суд парвандаро бо ду моддаи қонун 247 (қаллобӣ) ва 319 (гирифтани пора) баррасӣ намуда, нисбати Тухтасунзода А., дар умум 12 соли маҳрум шудан аз озодӣ ҳукм содир намудааст” – гуфт, манбаъ.
Баррасии парвандаро Мусобекзода Т., муовини раиси суди шаҳри Конибодом ба итмом расонидааст.
Тухтасунзода Абдусалом, дар оғози соли ҷорӣ аз мансаби раиси шаҳри Конибодом барканор гардида буд. Вале моҳи феврал аз ҳудуди кишвари Ӯзбекистон боздошт гардида, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд.
Тӯхтасунзода аз соли 2020 раиси шаҳри Конибодом таъйин гардида, дар ин мақом 4 сол кор кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ