Фридрих Мертс – Садри аъзами нави Олмон

Фридрих Мертси 70-сола садри аъзами нави Олмон интихоб шуд. Дар овоздиҳии давраи дуюм 325 вакили бундестаг ба ҷонибдории ӯ овоз доданд. Дар ин бора Deutsche Welle хабар медиҳад.

Барои бурдани интихобот раъйи мусбати 316 вакил зарур аст. Рӯзи сешанбе дар аввалин овоздиҳӣ ба тарафдорӣ аз Мертс 310 вакил овоз доданд, ки ин нокофӣ мебошад.

Чунин натиҷаро касе интизор набуд, зеро дар бундестаг 328 нафар намоянда аз Эътилофи марказу ростгарои демократҳои масеҳӣ ва муҳофизакоранд, ки Мертс раҳбари онҳост.

Мертс гуфтааст, ки дар сиёсати худ пуштибонӣ аз Украинаро идома медиҳад. Ҳамчунин, Эътилофи таҳти роҳбарии ӯ бо Ҳизби сотсиал-демократӣ созишномаи мусолиҳаомезеро имзо карданд. Бар асоси ин созиш, сиёсати муҳоҷират сахттар шуда, хароҷот дар барномаҳои дифоӣ афзоиш меёбад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *