Раиси суд ҷиноят содир карду ғайб зад…

Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси додгоҳ (суд)-и шаҳри Хуҷанд, дар ҷараёни амалиёти ноком барои боздошташ ба таври мармуз «нопадид» шудааст.

Баъзе аз манобеъ мегӯянд, «ӯ фирор кардааст», вале маълум нест ба куҷо. Иддае дигар бовар доранд, «ӯро гурезондаанд.» Мақомот аз шарҳ ин ҳодиса худдорӣ мекунанд. Як манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиётро маъмурони Оҷонси зиддифасод дар Суғд рӯзи 22-юми апрели соли равон гузарондаанд.

Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки Ҳомидҷон Муҳаммадзода «3-4 рӯз инҷониб ба сабаби беморӣ дар ҷойи кор нест.» Дар ҳоле ки мақомот дар ин замина чизе намегӯянд, як манбаи огоҳ рӯзи 29-уми апрел чунин нақл кард: «Ҳомидҷон Муҳаммадзода ба доми амалиёт афтода, вале зуд аз онҷо гурехт. Пулҳои махсусеро, ки ҳамчун ришва пешниҳод шуда буд, гирифта, онро ба нафари дигар додаву рафтааст. Ҳоло як адвокат ва судяи пешинаро боз дошт намудаанд.» Тасдиқи дурустии он аз манобеи расмӣ дар айни замон ғайриимкон аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.