Раисони нишастгурез дар минтақаи Кӯлоб

Дар нишастҳои матбуотии минтақаи Кӯлоб аз 30 нафар раисону роҳбарони идораву муассисаҳо 5 нафарашон бо баҳонаи беморӣ аз ин маъракаи барои рӯзноманигорон муҳиму зарур гурехтанд.

Чунин менамояд, ки раисон дудаста курсиҳои мансабро меқапанду бо фаро расидани нишастҳои матбуотӣ «бемор» мешаванд ё ба рухсатии меҳнатӣ мераванд. Ва ҷон халос.

Аксари масъулин аз додани пресс-релизҳояшон (маълумотномаҳояшон) ҳаросу нороҳатӣ доранд. Вақте порсол журналистон аз прокурори вақти минтақаи Кӯлоб Х. Машрабзода маълумотнома пурсиданд, гуфт: «Ман аз куҷо ин қадар маълумотнома меорам, ки ба шумо тақсим карда диҳам?». 

Тазаккур бояд дод, ки масъулини баргузор намудани нишастҳо дар иҷрои вазифаҳояшон саҳлангорӣ менамоянд. Маҳз бо айби онҳо нишастҳои матбуотии Суди вилояти Хатлон, раисони шаҳри Кӯлоб, ноҳия Восеъ дар рӯзи муқарраргардида доир нашуданд.

Шояд назорат аз болои ин кор аз боло сусту бетаваҷҷуҳ гардида истодааст? Пурсиши охирон ин ки чаро роҳбарон, мансабдорон аз нишастҳо метарсанд?

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *