Расонаҳо: Эрон ба пойгоҳҳои ҳарбии ИМА дар Ховари Миёна ҳамла кардааст

Ал-Ҷазира бо истинод ба расонаҳои Баҳрайн хабар додааст, ки дар ин кишвар чанд таркиш ба гӯш расидааст.

Ба иттилои манбаъ, Вазорати корҳои дохилии Баҳрайн эълон кардааст, ки бонги хатар садо дода, аз сокинон хоста шудааст ба ҷойҳои бехавф паноҳ баранд.

Reuters менависад, ки аз минтақаи Ҷуфайр, ки пойгоҳи баҳрии ИМА дар он ҷойгир аст, дуд баланд шудааст. Ба гузориши расонаҳои Баҳрайн, Маркази хизматрасонии Флоти панҷуми ИМА низ мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтааст.

Ҳамзамон, манобеи гуногун аз партоби мушакҳо ба самти Исроил, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Баҳрайн хабар медиҳанд. Таркишҳо дар Тел-Авив ва Ҳайфа низ шунида шудаанд.

CNN хабар медиҳад, ки Қатар ду мушаки эрониро дар фазои худ боздоштааст. Дар Абу-Дабӣ ва Кувайт низ садои таркишҳо ба гӯш расидааст. Гузоришҳо ҳамчунин аз ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии Ал-Дафра дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳанд.

Мақомоти Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар аз бастани фазои ҳавоии худ хабар додаанд.

Қаблан Эрон эълон карда буд, ки дар сурати ҳамлаи ИМА, пойгоҳҳои он дар минтақаи Ховари Миёна, аз ҷумла дар Баҳрайн, ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.

📱 Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *