Доналд Трамп: ИМА метавонад саноати мушакии Эронро нобуд кунад

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп изҳор дошт, ки Вашингтон дар сурати зарурат метавонад мушакҳо ва саноати мушакии Эронро пурра нобуд созад.

Ӯ иддао кард, ки Теҳрон эҳтимол талош дорад барномаи ҳастаии худро эҳё намояд ва мушакҳои дурпарвозеро таҳия мекунад, ки қодиранд ба кишварҳои Аврупо ва ҳатто ба Амрико расанд.

Ба гуфтаи ӯ, ИМА дар сурати оғози амалиёти эҳтимолӣ метавонад бо талафоти низомӣ рӯбарӯ шавад, аммо тамоми чораҳоро меандешад, то ин талафот кам бошад.

Муносибатҳои миёни Вашингтон ва Теҳрон дар солҳои охир бо танишҳои ҷиддӣ ҳамроҳ буда, масъалаи барномаи ҳастаӣ ва тавсеаи мушакҳои баллистикӣ аз ҷумлаи баҳсҳои асосӣ миёни ду кишвар ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *