Таркиш дар чанд шаҳри Эрон. Бемористонҳо ба ҳолати омодабош гузаштанд


Расонаҳои Эрон аз шунида шудани садои таркишҳо дар чандин шаҳри кишвар хабар медиҳанд.

Ба иттилои манобеи хабарӣ, ба ҷуз аз Теҳрон, дар шаҳрҳои Кирмоншоҳ, Караҷ, Қум, Луристон ва Табрез низ садои инфиҷор шунида шудааст.

Вазорати беҳдошти кишвар эълон кардааст, ки бемористонҳо пас аз ҳамлаи эҳтимолии Исроил дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ба гуфтаи ин ниҳод, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба маркази Теҳрон ва дигар манотиқе, ки аз он ҷо садои таркиш гузориш шудааст, фиристода шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *