Ҳамлаи Исроил ба Эрон


Расонаҳо аз ҳамлаи Исроил ба Эрон хабар доданд. Ба гузориши хабаргузории “Ройтерз”, Вазорати дифои Исроил гуфтааст, ки ин кишвар чанд лаҳза пеш ҳамлаи пешгиронаи мушакие ба Эрон анҷом додааст.

Артиши Исроил эълон кардааст, ки дар саросари кишвар бонги хатарро ба садо даровардаст, то “мардумро барои эҳтимоли партоби мушакҳо ба Исроил омода созад”.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Эрон аз чанд таркиш дар Теҳрон гузориш додаанд. Хабаргузории “Форс” аз дасти кам се инфиҷор дар маркази Теҳрон хабар дода, навиштааст, ки гузоришҳои аввалия нишон медиҳанд, ки якчанд мушак ба хиёбони Донишгоҳва маҳудудаи Ҷумхурӣ асобат кардааст.

Мақомоти Эрон то ҳол расман вокунише накардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *