Роҳи «Душанбе-Чаноқ» боз баста шуд

Филиали ширкати IRS дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод, ки аз соати 5:00 субҳи имрӯз ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ» бар асари фаромадани тармаҳо дубора муваққатан баста шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, бинобар бориши пуршиддати барф ва бо мақсади бартарафсозии пайомади тармафароӣ, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш тасмим гирифта шуд, ки роҳ баста шавад.

Гуфта мешавад, ки тасмими мазкур дар мувофиқа бо БДА ВКД Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ду рӯз пеш ҳам бар асари фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқ баста шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.