Ронандаи «Мерседес» барои пахш кардани саг ҷарима шуд (аудио)

Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати зеркунии саг аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» инъикос ёфта буд.

Ҳолати мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди вокуниши манфии шаҳрвандон қарор гирифта, зимнан, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намудаанд, то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад.

Санҷиши ҳодисаи мазкур зери назорати қатъии роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор гирифта, дар натиҷа муайян карда шудааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 1464ЕА01 шаҳрванд Набиев Туймурод Сайдалиевич, санаи таваллудаш 15.02.1985, сокини шаҳри Душанбе мебошад. Гарчанде номбурда сабаби ҳодисаи зеркунии сагро ба саросемагию надидани ҷонвар рабт диҳад ҳам, вале аз кирдори худ сидқан изҳори пушаймонӣ намудааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо дарназардошти ҳолати мазкур нисбати Набиев Туймурод тибқи талаботи қисми якуми моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *