Румайзо-қадбаландтарин зан дар ҷаҳон

Румайзо Гелги аз шаҳри Сафранболу қадбаландтарин зани зинда дар ҷаҳон аст. Баландии қади ӯ 215,16 сантиметр мебошад. Ин духтари 24-сола ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шудааст. Афзоиши қади Румайзо Гелга натиҷаи бемории генетикӣ — синдроми Уивер мебошад. Ин беморӣ хеле нодир аст ва ӯ ягона гирифтори он дар Туркия мебошад. Одатан ин туркзан бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад, аммо баъзан ӯ метавонад бо ёрии асо мустақилона ҳам роҳ равад. Ба гуфтаи вай, ӯро дар кӯдакӣ масхара мекарданд, аммо ҳоло атрофиён ӯро дастгирӣ мекунанд «Ҳар як камбудӣ метавонад ба бартарӣ табдил ёбад, аз ин рӯ худро чӣ тавре ҳастед, ҳамон хел қабул кунед”- мегӯяд Румайзо Гелги. Вай як зиндагии оддӣ ба сар мебарад, тамошои намоишҳои телевизионӣ, шиноварӣ ва ҳамроҳ бо оилааш ба тарабхонаҳо рафтанро дӯст медорад. Дар байни мардон, Султон Косен, сокини Туркия низ баландтарин дар ҷаҳон эътироф шудааст. Баландии қади ӯ 251 сантиметр аст. Ва қадбаландтарин зан дар таърих Зен Ҷинляни чинӣ бо қади 246,3 сантиметра буд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *