Рустам Хоҷаев сармураббии дастаи футболи «Хуҷанд» таъин шуд
Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мураббиёни клуби футболи «Хуҷанд»-ро ба ҳузур пазируфт.
Гуфта мешавад, ки ба вазифаи сармурабии дастаи футболи «Хуҷанд» Рустам Хоҷаев таъин гардида, ӯ қабл аз ин ҳам дар ин вазифа фаъолият бурдааст.
Дар гузашта бо роҳбарии Рустам Хоҷаев дастаи «Хуҷанд» медалҳои нуқраи қаҳрамонии кишварро соҳиб шуда, барандаи Ҷоми Тоҷикистон низ шудааст.
![](https://pressa.tj/wp-content/uploads/2024/01/image-3-720x480.png)
“Раиси вилоят ба ситоди мураббиёни даста ҷиҳати беҳтар намудани нишондодҳо, дар сатҳи баланд омода намудани бозингарон ба қаҳрамонии лигаи олӣ ва дигар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ супоришҳо дод”,- иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилоят.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ