Рустам Хоҷаев сармураббии дастаи футболи «Хуҷанд» таъин шуд

Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мураббиёни клуби футболи «Хуҷанд»-ро ба ҳузур пазируфт.

Гуфта мешавад, ки  ба вазифаи сармурабии дастаи футболи «Хуҷанд» Рустам Хоҷаев таъин гардида, ӯ қабл аз ин ҳам дар ин вазифа фаъолият бурдааст.

Дар гузашта бо роҳбарии Рустам Хоҷаев дастаи «Хуҷанд» медалҳои нуқраи қаҳрамонии кишварро соҳиб шуда, барандаи Ҷоми Тоҷикистон низ шудааст.

“Раиси вилоят ба ситоди мураббиёни даста ҷиҳати беҳтар намудани нишондодҳо, дар сатҳи баланд омода намудани бозингарон ба қаҳрамонии лигаи олӣ ва дигар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ супоришҳо дод”,- иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *