Рустами Эмомалӣ зараи бабри барфиро ҷуброн кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зарари расонидаи бабри барфиро, ки ба сокинони ВМКБ расонида буд ҷуброн кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».  

Тавре манбаъ хабар медиҳад зимистони имсол бабри барфӣ 132 сар​ чорвои мардумро дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нобуд кард. Бо ташаббуси  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маблағи зарари расондаи бабри барфӣ пурра ҷуброн гардид. Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ​ ба ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим ​ ва водии Бартанг сафар намуда, маблағи мазкурро дастраси зарардидагон гардонид.

Бояд гуфт, ки  озодапаланг аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон маҳсуб шуда, ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Дар ҷумҳурӣ  ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст. Ин ҳайвони нодир дар баландиҳои то 5 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам баландтар сукунат дорад. Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном​ мебаранд.

Аммо баъзан ба иллати сербарфӣ  ё дар ҳолати пирӣ,  ки дигар қувваи шикор кардан надорад,  ​ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефарояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *