“Саҳифаи ҷанг”-ро бастем!
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Форуми иқтисодии ҷаҳонии Давос эълон кард, ки Озарбойҷон ва Арманистон тасмим гирифтанд “саҳифаи ҷанг”-ро бубанданд.
«Озарбойҷон ва Арманистон тасмим гирифтанд, ки саҳифаи ҷангро пӯшанд. Давом додани ҷанг метавонад ба оқибатҳои хеле бад оварда расонад»,- гуфт ӯ.
– Алиев таъкид кардааст, ки ҳар ду ҷониб бояд натиҷаҳои ҳамзистии сулҳомезро бештар нишон диҳанд,- иттилоъ медиҳад агентии АЗЕРТОҶ.
«Ман хеле хушандеш ҳастам, зеро он чизе ки мо ба даст овардем, воқеан барои Арманистон ва Озарбойҷон ва инчунин барои Қафқози Ҷанубӣ фоидаи бузург дорад»,- афзуд ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ