Сабаби сӯхтори “Яккасарой” маълум шуд
Фаррух Юсуфӣ, сардори идораи сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд сабаби сӯхтори шадиди тарабхона ва қаҳвахонаи «Якксарой» (собиқ киштии «Темурмалик»)-ро шарҳ дод.
“Санаи 19.06.2025 соати 15:50 дақиқа дар тарабхона ва қаҳвахонаи «Якксарой», собиқ киштии «Темурмалик» воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Р. Набиев №51 А ҳодисаи нохуши
сӯхтор ба амал омада, соати 16:05 дақиқа ба нуқтаи алоқаи қисм аз ҷониби кормандони қаҳвахона хабар дода шуд.
Баъди қабули хабар соати 16:10 дақиқа аввалин нақлиёти оташнишонӣ ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор ҳозир шуда, ба хомӯш намудани он шурӯь карданд. Ҳангоми сӯхтор 80%-и масоллеҳи зудоташгирандаи сохтмонии киштӣ ба масоҳати умумии 400 метри мураббаъ, ки дохили он низ бо ҳаргуна масолеҳи синтетикӣ ва чӯб ороиш дода шуда буд, сӯхта корношоям гардид. Ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ як қисми ҳуҷраҳои ёрирасони киштии «Темурмалик» ба маблағи умумии 150 000 сомонӣ эмин нигоҳ дошта шуд.
Сӯхтор соати 17:30 дақиқа пурра хомӯш карда шуд”,- гуфт Юсуфӣ.
Ба гуфти Юсуфӣ, «Темурмалик» соли 2019 аз масолеҳи сабуки навъи «Алюкобонд», ки таркиби масолеҳи сохтмонии мазкур асосан аз полимер иборат буда, он аз таркиби маҳсулоти нафтӣ гирифта мешавад, ки бевосита ба гурӯҳи масолеҳи зудоташгиранда ва тезсӯзанда дохил мешавад, сохта шуда, то соли 2025 фаъолият намудааст. Аз санаи 27.02.2025 он ба тариқи шартномаи шифоҳӣ ба ширкати ҶДММ «Яккасарой» супорида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ