Омӯзгори тоҷик барандаи дипломи дараҷаи I гардид

Фотима Сайдализода, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотии «Беҳтарин омӯзгор» сазовори дипломи дараҷаи якум гардид.

Ин озмун аз ҷониби Маркази байналмилалии таҳқиқотии «Endless Light in Science» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда, дар он омӯзгорону муҳаққиқон аз кишварҳои мухталиф тариқи фосилавӣ иштирок намуданд.

Фотима Сайдализода дар озмун бо мақолаи таҳқиқотии худ таҳти унвони «Истифодаи мафҳуми “Меҳнат” дар асоси масалу мақолҳои забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» ҳузур ёфт. Дар таҳқиқоти худ ӯ ба муқоисаву таҳлили мафҳуми меҳнат дар ду забон тавассути мақолҳои мардумӣ пардохта, нақши онро дар шинохти фарҳанг ва ҷаҳонбинии халқҳо нишон додааст.

Ғолибияти омӯзгори тоҷик дар чунин як озмуни бонуфузи байналмилалӣ, далели сатҳи баланди таҳқиқотҳои илмии омӯзгорони кишвар ва саҳми онҳо дар рушди илм мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *