Садама дар Душанбе. Ронандаи ноболиғ ба ҳалокат расиду ҳамроҳаш бистарӣ

Як ноболиғ, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба садама дучор шудааст. Ӯ ҳатто шаҳодатномаи ронандагӣ надоштааст.   

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе,  ин ҳодиса  30-юми октябри соли 2022, тахминан соати 16:10-дақиқа рух додааст. Ноболиғ Нурмаҳмад Тағоймуродов, ки ҳамагӣ 17 сол дорад ва дар Душанбе зиндагӣ мекунад, бе шаҳодатномаи ронандагӣ автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро меронд. Ӯ  ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Рӯдакӣ ба самти роҳи мошингарди ҶСК “Сементбарорӣ”-и шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби рости роҳ бархӯрдааст.

 Дар натиҷа, худи ронандаи ноболиғ  Нурмаҳмад Тағоймуродов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур Ҷамолиддин Сатторов, ки 25 сол дорад, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *