садама

Садамаи мудҳиш дар Хатлон: Зане ба ҳалокат расид (аудио)

Вазорати корҳои дохилӣ аз садамаи нақлиётие хабар дод, ки дар пай талафоти ҷонӣ доштааст.

Ҳодиса 22-юми январи соли 2023 рух дода, дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расида, ду нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Ронандаи “Дулан” Мисоков Абдуҷалил Абдусатторович, сокини ноҳияи Ҷайҳун дар роҳи “Панҷи поён — Душанбе», дар ҳудуди деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ. Балхӣ ба мошини “Опел-Астра”-и Холиқов Абдуҷаббор Каримҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини деҳоти Ҳалеварди ҳамин ноҳия бархӯрдааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳалокшуда Холиқова Руҳамо Исматуллоевнаи 52-сола, сокини деҳоти Ҳалевард мебошад. Ҷароҳатбардоштагон Холиқов Каримҷон Шоҳмадуллоевичи 53-сола ва Холиқова Хатича Сатторовнаи ноболиғ мебошанд.

Моро пайгири намоед дар Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.