Садамаи шабона. 16-сола бо “Тойота” ба мошини боркаш бархӯрд
Субҳи 4-уми август, тахминан соати 03:30 дақиқа дар кӯчаи М. Шерализодаи шаҳри Душанбе садамаи нақлиётии вазин ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар ҷараёни санҷиш муайян гардид, ки ронандаи мошини сабукрави тамғаи “Тойота Королла”, рақами қайди давлатиаш 9594СЕ01, ноболиғи 16-сола Ҳамзазода Ю. будааст.
Ноболиғ воситаи нақлиётро, ки ба модараш тааллуқ доштааст, худсарона гирифта, бо ҳамроҳии чор рафиқаш ҳаракат намудааст. Дар натиҷа, мошини мазкур дар кӯчаи М.Шерализода ба нақлиёти боркашони тамғаи “Волво”, ки дар канори роҳ таваққуф карда буд, бархӯрдааст.
Ба иттилои мақомот, ронанда ва мусофирони дар дохили мошинбуда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтаанд.
Мақомот мегӯянд, ҳодисаи мазкур таҳти санҷиши ҷиддӣ қарор дорад.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз падару модарон ва шаҳрвандон даъват мекунад, ки назорати фарзандони худро сахттар намоянд ва калиди воситаҳои нақлиётро дар ихтиёри ноболиғон нагузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ