Сафари Қоҳир Расулзода ба Қирғизистон

Имрӯз, 13 феврал Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ вориди шаҳри Бишкеки Қирғизистон шуд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии «Манас» ӯро муовини раиси Девони вазирон-вазири захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркард Бакит Торобаев пешвоз гирифт.

Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон иттилоъ додаанд.

Дар доираи ин сафар Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон иштирок мекунад, ки дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа имзои як қатор санадҳо дар назар аст. Ҳамчунин, сарварони ҳукуматҳои ду кишвар аз як қатор иншооти зерсохторӣ дар пойтахти Қирғизистон боздид хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *