Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, ки дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

Сарвари давлатро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, ёрдамчии Президент оид ба масоили хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ, котиби Шӯрои амният Маҳмудзода Насрулло ва сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳамроҳӣ мекунанд.

Мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви ин иттиҳодия 23 ноябр дар шаҳри Ереван баргузор мешавад. Дар он намояндагони Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон низ ширкат хоҳанд кард. Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои таҳкими меъмории амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.

Муҳимтарин масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа такмили низоми вокуниш ба бӯҳрони созмон ва тадбирҳои муштарак барои расонидани кумак ба Арманистон мебошанд. Ҳамчунин дар мавриди таъмини нерӯҳои посдори сулҳи СПАД бо аслиҳа ва техника ва баргузории чорабиниҳои муштарак оид ба ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ як қатор санадҳо ба имзо хоҳанд расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *