Сафир: Ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон осеб надидааст

Пас аз оғози ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон барои бозгашт ба Ватан ба сафорат муроҷиат кардаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ,  2-юми март гуфт, ки қисме аз шаҳрвандони кишвар бо мақсади тиҷорат, саёҳат ва табобат дар Эрон қарор доштанд ва баъди баста шудани фазои ҳавоӣ мехоҳанд ба ватан баргарданд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз вазифаҳои асосии сафорат дар чунин шароит расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мусоидат барои гузаштан аз марз мебошад. Сафорат рӯйхати муроҷиаткунандагонро омода карда, бо сафоратҳои Туркманистон ва Озарбойҷон дар Эрон ҳамоҳангӣ анҷом додааст.

То кунун 15 шаҳрванди Тоҷикистон аз тариқи гузаргоҳи марзии Эрону Озарбойҷон ба шаҳри Боку рафтаанд. Ҳамзамон, интизор меравад тақрибан 50 нафар аз гузаргоҳи “Сарахс” дар марзи Эрону Туркманистон убур кунанд.

Ба иттилои сафир, дар маҷмӯъ ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар Эрон қарор доранд. Дар миёни онҳо занони тоҷик низ ҳастанд, ки бо шаҳрвандони эронӣ издивоҷ карда, шаҳрвандии Тоҷикистонро нигоҳ доштаанд.

Низомиддин Зоҳидӣ таъкид кард, ки то ҳол ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи ҳодисаҳои ахир осеб надидааст. Вазъи саломатии бемороне, ки дар Эрон қарор доранд, муътадил арзёбӣ мешавад ва барои бозгашти онҳо низ тадбирҳо андешида мешавад.

Сафорати Тоҷикистон дар Эрон мегӯяд, талош дорад дар фурсатҳои наздик бозгашти ҳамаи муроҷиаткунандагонро таъмин намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *