Ҳамлаи Эрон ба корхонаи коркарди нафт дар Арабистони Саудӣ
Тибқи гузоришҳо ва наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда, ба корхонаи коркарди нафти Рас-Танура, ки ба ширкати давлатии “Saudi Aramco” тааллуқ дорад, ҳамла сурат гирифтааст.
Барои Эрон ин як ҳадафи қонунии низомӣ дар ҷанги дифоӣ аст, зеро Арабистони Саудӣ барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико логистикаи низомиро таъмин мекунанд.
Ин корхона яке аз бузургтарин марказҳои коркарди нафт дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, қисми муҳими зерсохтори стратегии Арабистони Саудӣ мебошад. Иқтидори солонаи коркарди он тақрибан 28 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Дар наворҳои нашршуда дуди ғафс ва фаъолият дар атрофи иншоот дида мешавад. То ҳол мақомоти расмӣ ҷузъиёти дақиқ дар бораи хисорот ё талафотро нашр накардаанд.
Рас-Танура дар соҳили Халиҷи Форс ҷойгир буда, яке аз нуқтаҳои асосии содироти нафти кишвар маҳсуб мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ