ЮНЕСКО: Ҳамла ба мактаб дар Миноб нақзи ҷиддии ҳуқуқи байналмилалӣ аст!
ЮНЕСКО дар баёнияе ҳамла ба мактаби духтарона дар шаҳри Миноби Эронро аз ҷониби Исроилу ИМА шадидан маҳкум карда, онро нақзи ҷиддии ҳуқуқи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.
Дар изҳороти ин ниҳоди байналмилалӣ таъкид шудааст, ки ҳар гуна ҳамла ва куштори хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ мухолифи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи башардӯстона мебошад.
ЮНЕСКО изҳор доштааст, ки мактабҳо бояд маконҳои амн, ғайринизомӣ ва дур аз даргириҳои мусаллаҳона бошанд ва ҳифзи онҳо масъулияти ҳамаи ҷонибҳои даргир аст.
Ин созмон аз ҳамаи тарафҳо даъват кардааст, ки ба уҳдадориҳои байналмилалии худ пойбанд бошанд ва амнияти кӯдаконро таъмин намоянд. Дар баёния таъкид шудааст, ки кӯдакон набояд қурбонии даргириҳо ва танишҳои низомӣ гарданд.
Мактаби духтарона дар шаҳриси Миноб рӯзи 28-уми феврал ҳадафи ҳамлаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил қарор гирифт. Тибқи иттилои охирини расонаҳои давлатии Эрон шумораи кушташудагон ба 153 нафар расида, ҳамаи онҳо толибаҳои ин мактаб буданд.
📱 Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ