Алиризо Арафӣ роҳбари муваққатии Эрон таъин шуд

Тибқи иттилои расонаи давлатии ISNA, рӯҳонии бонуфузи шиъа Алиризо Арафӣ ба ҳайати шӯрои раҳбарикунандаи муваққатӣ шомил гардид, ки дар сурати зарурат иҷрои вазифаҳои Раҳбари олии Эронро бар уҳда мегирад.

Арафии 67-сола раҳбарии низоми муассисаҳои таҳсилоти динии Эронро ба зимма дошта, солҳои дароз ӯро ҳамчун яке аз номзадҳои эҳтимолии ҷонишинӣ ба Али Хоманаӣ ном мебурданд. Ӯ аз шахсони мавриди эътимоди раҳбари феълӣ маҳсуб мешавад.

Падари ӯ Муҳаммад Иброҳим аз дӯстони наздики Руҳуллоҳ Ҳумайнӣ (1902–1989) будааст.

Ҳамзамон, Алиризо Арафӣ узви Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосӣ ва Шӯрои хибрагон мебошад. Шӯрои хибрагон мақоми интихобкунандаи Раҳбари олии Эрон аст.

Шаби якшанбе расонаҳои давлатии Эрон марсияҳои расмӣ ба хотири Хоманаӣ пахш карданд ва дар кишвар се рӯзи мотами умумӣ эълон гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *