Сафири Тоҷикистон бо ёвари Вазири тиҷорати ИМА мулоқот анҷом дод

20 январ мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо ёвари Вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Директори генералии Идораи тиҷорати хориҷии ИМА Дэвид Фогел баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ, саноатию сармоягузорӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати иҷрои мувофиқаҳои бадастомада байни роҳбарони ҳарду давлат -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп, ки моҳи ноябри соли 2025 ҳосил гардида буданд, таъкид намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо зарурати тақвияти робитаҳои амалиро ба манфиати рушди устувори муносибатҳои Тоҷикистону ИМА муҳим арзёбӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *