Сафири Тоҷикистон ба Доналд Трамп эътимоднома супорид
17 феврал Завқизода Завқӣ, сафири нави Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида, эътимодномаи худро ба президенти ИМА Доналд Трамп супорид.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки Трамп сафирро ба муносибати оғози фаъолият табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намудааст.
Ҳамчунин, дар маросим сафир дуруду таманниёти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Доналд Трамп расонидааст ва президенти ИМА пайғоми самимии худро ба ҳамтои тоҷики худ изҳор намудааст.
Ёдовар мешавем, ки Завқӣ Завқизода қаблан вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон буд ва моҳи ноябри соли 2025 ба вазифаи сафири кишвар дар Амрико таъйин шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ