Саймумин Ятимов бо Рамазон Раҳимзода  низомиёни маҷруҳшудаи муноқиша дар марзро аёдат карданд (аксҳо + аудио)

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд сарбозону афсаронеро, ки дар муноқишаҳои ахир дар  марз захм бардошта буданд, аёдат карданд.

Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Низомиёни маҷруҳшуда  дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Бо дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои табобати захмиён доруворӣ ва хуроку маводи зарурӣ дастрас гардида, кормандони беҳтарини соҳаи тиб ҷалб гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *