Сардухтури беморхонаи Ҷайҳун иваз шуд

Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун аз вазифааш озод шудааст. Дар ин бора Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон хабар дод.

Ба иттилои расида, тибқи фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадсобир Мирзоев сардухтури ин беморхона таъин шудааст.

Ӯ то расидан ба ин вазифа, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Лахш будааст.

Феълан Ҳомидҷон Абдулҳамидзода ба дигар вазифа таъин нашудааст. Ӯ чанд соли охир сардухтури Беморхонаи ноҳияи Ҷайҳун буд. Дар гузашта роҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҳамин ноҳия ҳам фаъолият кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *