Сармураббии дзюдои Тоҷикистон иваз шуд

Паҳлавони номдори тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои  Тоҷикистон таъйин гардид.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ӯ дар ин мақом Фахриддин Раҳимовро иваз кард.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов 29 ноябри соли 1986 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 2014 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 2003 ба дзюдо машғул аст. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалист. Дар мусобиқоти гӯштини дзюдо дар вазни аз 100 кило боло рақобат мекунад. Ӯ соли 2011 дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар Қазоқистон  ҷойи панҷум, дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоу  Чин соли 2010  ва Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инҷони Кореяи Ҷанубӣ соли 2014  ҷойҳои панҷум, дар Гран-прии Ӯзбекистон соли 2014 ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван соли 2015 ҷойи аввалро ишғол кардааст.

Хотиррасон менамоем, ки Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ду бор барандаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон (2014, 2015) гардида, як дафъа (2013) ҷойи дуюмро гирифтааст. Инчунин ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов (2014) мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *