Сарнавишти талх ва марги бонуи суханвари тоҷик

Шоми кулфатбори 1-уми июл қалби бонуи суханвари тоҷик, журналисти шинохта Мавҷуда Холова аз тапидан бозмонд. Марҳум солиёни зиёд ба матбуот хизмат карда бошад ҳам, табиатан хоксор буд ва худнамоиро дӯст намедошт.

Ӯ ҳеҷ гоҳ мисли дигарон думболи шуҳрату ном намедавид ва худро дар ягон ҷо тарғиб намекард. Аммо қаламкашоне, ки Мавҷуда Холоваро аз наздик мешинохтанд, хуб медонанд, ки баҳои даҳ мардро дошт ва метавонист кори чанд нафарро ба танҳоӣ анҷом диҳад. Дар баробари журналисти хуб будан беҳтарин дизайнер буд, тахаюлоти рангин дошт ва рӯзномаро чунон саҳифабандӣ мекард, ки тарроҳони таҷрибадор низ дар ҳайрат мемонданд. Солиёни охир маҳорати сайтсозиро низ аз худ карда, ба мутахассиси беҳтарин табдил ёфт, аммо тақдири бераҳм имкон надод, ки орзуҳояшро амалӣ созад.

Мавҷуда Холова фаъолияти журналистиро ҳанӯз даврони донишҷӯӣ аз рӯзномаи ҳизбии “Нидои ранҷбар” сар карда, баъдан муддати 10 сол дар ҳафтаномаи машҳури “Чархи гардун” масъули саҳифаи “Хонавода” буд ва дар боби оиладорӣ маводҳои хеле ҷолиб менавишт. Вай мудом мусоили хонаводагиро думболагирӣ карда, дар боби пошхӯрии оилаҳои ҷавон, хушунату зӯроварӣ нисбати занону кӯдакон, ятим мондани тифлакони бегуноҳ ва азоби модарони танҳо навишта, таваҷҷуҳи масъулинро ба масоили хонаводагӣ ҷабл кардан мехост.

Баъдан тақдир ӯро ба “Тоҷикматлубот” бурд. Солиёни зиёде дар рӯзномаи “Набзи тоҷикматлубот” кор кард.

Меҳнатдӯстиаш ӯро дар ҳама ҷо гули сари сабад мегардонд. Ҳамин буд, ки ӯро ба Вазорати фарҳанг ба кор даъват намуданд. Муддати чанд сол вазифаи пурмасъулияти роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳангро бар дӯш дошт. Солҳои охир дар нашриёти “Адиб” кор карда, ҳамчун муҳаррир дар таҳияи китобҳои шоиру нависандагони тоҷик ва беҳтарин адибони ҷаҳон саҳми босазо мегузошт, вале бемории саратон мисли балои ногаҳонӣ якбора ӯро ба гирдоби худ печонд.

Мавҷуда хеле барвақт сағир монда буд ва дарди ятимӣ ӯро дар зиндагӣ мисли пӯлод пурбардошт гардонд. Ҳанӯз 5 сол дошт, ки модари 30-солааш ҷавонмарг шуд. Дар 12-солагӣ падараш аз сактаи дил аз олам гузашт ва Мавҷудаю бародару хоҳаронаш комилан ятим монда, дар тарбияи амаку янга ба воя расиданд. Худованд чашидани лаззати бахт ва хонаву дари ободу фарзандро низ ба ин зани зебою меҳрубони панҷ панҷааш ҳунар насиб надид, аммо Мавҷуда ин ҳама дарду аламҳои қисматашро мардона фурӯ бурда, ҳеҷ гоҳ пеши касе лаб ба шикоят намекушод.

Марги ӯ дар дили ёру дӯстон доғи абадӣ ниҳод. Доғе, ки ҳаргиз зудуда намешавад. Ёдат ба хайр ва ҷоят ҷаннати ҷовидон бод, дӯсти азизам!

Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд,

Ёрони маро ягон-ягон омаду бурд.

Гар ин бошад одати чархи кабуд,

Як рӯзи дигар навбати мо хоҳад буд.

Ф. САТТОРӢ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.