Сарнавишти зане, ки 11 шавҳарро куштааст
Дар Эрон занеро боздошт намудаанд, ки дар куштори беш аз 11 мард гумонбар дониста мешавад. Мақомот мегӯянд, ки ин зан ба 11 марди сарватманд ба шавҳар баромада, баъд ба хотири пулу мол ва сарвату дороиҳои мардҳоро соҳиб шудан, ҳамсаронашро бо роҳи заҳролудсозӣ ба ҳалокат расонидааст.
Қулсун Акбарӣ 56 сол дошта, аз вилояти Мозандарони Эрон мебошад. Ин зан даст доштанашро дар як силсила кушторҳои мардон ба хотири мусодираи амвол ва маҳр эътироф намудааст.
Гуфта мешавад, ки Қулсун Акбарӣ махсус мардҳои муҷарради танҳо ва сарватмандро ёфта, бо маҳри зиёд издивоҷ мекардааст ва баъдан барои соҳиб шудан ба давлату сарвати мард ба шавҳаронаш доруҳои зиёди барои фишорбаландӣ ва касалии қанд пешбинишуда хӯронда, онҳоро заҳролуд мекардааст. Аз ҳамин сабаб марги ин мардонро аз беморӣ ё пирӣ дониста, аз ӯ шубҳа накардаанд.
Қулсун Акбарӣ аз соли 2000 то 2023 дар маҷмуъ 11 мардро бо усули заҳролудсозӣ бо дорувории зиёд ба ҳалокат расонида бошад ҳам, бо сабаби он ки шавҳаронаш аз шаҳрҳои гуногуни Эрон будаанд, ҷиноятҳои содиркардаи ин зан муддати тӯлонӣ пинҳон мондаанд.
Ҷинояти ин зан низ соли 2023 пас аз марги шавҳари охиринаш Ғуломризо Бобоии 83-сола фош гаштааст. Хешовандони ин мард ба марги табиии вай шубҳа намуда, ба мақомот муроҷиат кардаанд ва ин боис гаштааст, ки ҷиноятҳои дигари ин зан низ рӯйи об бароянд.
Қулсум Акбариро ҳукми эъдом интизор аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ