Се зодаи Самарқанд ба дуздии 150 миллион доллар айбдор шуданд

Дар шаҳри Ню-Йорк се зодаи шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ба дуздии ҳудуди 150 миллион доллар айбдор шуданд. Додгоҳ гуфт, Кристина Мирбобоева, шавҳари ӯ Александр Копенкин ва модараш Ирина Федорова 146 миллион доллари ширкатҳои давлатии бимаи ИМА-ро аз худ кардаанд.

Дар саҳифаи «Одноклассники»-и Мирбобоева навишта шудааст, ки ӯ соли 1997 мактаби миёнаи рақами 30 ва соли 2001 Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқандро хатм кардааст.

Ба узви ин гуруҳи ҷиноӣ бо раҳбарии Мирбобоеваи 35-сола 14 ширкат ва 20 нафар шомил ҳастанд, ки миёни онҳо шаҳрвандони баъзе аз кишварҳои дигари шӯравии пешин низ ҳастанд. Гуруҳ моҳи январи соли 2015 ташкил шуда, то моҳи ноябри соли равон фаъолият кардааст.

Дар иҷрои нақшаҳои гуруҳ чаҳор табиб, аз ҷумла табиби бемориҳои қалби Департаменти пулиси Ню-Йорк ва зодаи Ӯзбекистон Суҳроб Қобилов низ даст доранд. Аъзои гуруҳ аз ошхонаҳои камбизоатон ва марказҳои пайдокунии ҷойи кор муштариёни бесарпаноҳро, ки кортҳои бимаи Medicaid ва Medicare доранд, бар ивази 40 долларии нақд ба бемористонҳои шарикони худ ҷалб мекардаанд.

Масъулони бемористонҳо низ дар навбати худ арқоми кортҳои онҳоро сабт карда, бо нишон додани натиҷаҳои сохтаи ташхисҳо аз ширкатҳои давлатии бима 50 долларии нақд пули хадамоти тиббиро меситонидаанд. Яке аз ин табибон Роберт Ваккарино тайи камтар аз як сол 8 ҳазор натиҷаи ташхиси сохта нишон дода, ҳудуди 1 миллиону 400 ҳазор доллар ба даст овардааст.

Зидди аъзои гуруҳ бар пояи 878 банд айб эълом шудааст. «Онҳо қишри осебпазири сокинонро «шикор» мекардаанд, то барои худ ҷузвдонҳои бренди Chanel бихаранд», — гуфт додситони Бруклин Эрик Гонсалес ҳангоми суҳбат дар бораи Мирбобоева. Ба иттилои додситонӣ, ҳар як ҷузвдоне, ки аз манзили Мирбобоева мусодира кардаанд, 6,5 ҳазор доллар арзиш дошта, як шиша шароби менӯшидаи ӯ 6 ҳазор доллар меистодааст. Худи Мирбобоева дар манзиле ба сар мебурдааст, ки 3, 25 миллион доллар арзиш дорад.

Бино ба хабарҳо, аз манзили раҳбари гуруҳ ҷавоҳирот ва 700 ҳазор доллар пули нақд мусодира кардаанд. Додситонии Бруклин беш аз 130 ҳисоби бонкии марбут ба аъзои гуруҳро дар кишварҳои гуногун ҳабс кардаааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *