Сенарияи «Бозии тоҷу тахт» (Игра престолов)-ро дуздидаанд

Гурӯҳи рахнагаргони интернет, ё ҳакерҳо шабакаи телевизиони NBO-ро шикаста, якуним терабайт маълумотро дуздиданд ва акнун дар ивази он ҳудуди шаш миллион долларо бо биткоин талаб доранд ва он ҳам дар муддати се рӯз.

Ҷинояткорон ба маълумот дар бораи сериали «Бозии тоҷу тахт» (Игра престолов), мукотиботи кормандони шабакаи телевизион, рамзи убури почтаҳои электронӣ ва маълумоти хусусии баъзе ҳунармандон даст ёфтанд. Ҳакерҳо феълан баъзе бахшҳои ин сериалро дар интернет нашр карданд.

Раҳбарияти шабакаи телевизионии NBO мегӯяд, ки онҳо бо пулис ҳамкорӣ доранд ва рахнагарӣ бо миқёси бузург то ҳол мушоҳида нашудааст.

Рахна кардани шабакаи телевизион дар таърихи 8 август, дуюмин талоши ҷинояткорон аст. Маълумоти шикастани шабакаро ҳакерҳо рӯзи 31 июл нашр карданд. Он замон онҳо сенарияи як бахши сериали «Бозии тоҷу тахт»-ро нашр карданд, ки то ҳол ба намоиш надаромада буд. Намоиши бахши ҳафтуми сериал миёнаҳои моҳи июн оғоз шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *