Сеюмин  донори бузург дар Тоҷикистон

Мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷими Китаока 

Баъд аз ташрифи Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба Тоҷикистон марҳилаи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон оғоз гардид. Тавре дар оғози суҳбат Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон Ҳаҷими Китаока изҳор намуд, аввалан, замина  барои ин ҳамкориҳо тафоҳуми назар ва таваҷҷуҳи роҳбарони ду кишвар, дуюм, муносибати хуб, касбӣ  ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни сафирон — Ҳаҷими Китаока ва Ҳамрохон Зарифӣ— сафири Тоҷикистон дар Ҷопон аст.  Ҳаҷими Китаока Ҳамрохони Зарифиро устоди хуб медонад. Шояд иддае ин суханро таоруфи дипломатӣ донанд, аммо зери ин гуфта маънӣ, мантиқ ва воқеият нуҳуфта аст. Воқеият ин аст, ки ҳамкориҳои давлатӣ дар се бахш вусъат меёбанд, дар зинаҳои нав қарор мегиранд.

Ҷаноби сафир, соли 2015 Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ, ҳангоми ташриф  ба Тоҷикистон, чанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Иҷрои ин созишномаҳо ва маҷмӯи масоили ҳамкорӣ дар партави натиҷаҳои мулоқоти сарони ду кишвар дар кадом ҳолат қарор доранд?

— Ин ташриф дар муносиботи анъанавию дӯстонаи ду кишвар як такони таърихӣ ворид сохт. Метавон онро марҳилаи сифатан нави густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар ном бурд. Ҳадафи ду сол қабл Сафири нахустини фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон таъин шудани ман ҳам амалӣ сохтани созишномаҳои баимзорасида ва вусъати ҳамкориҳо аст. Дар ин маҷро моҳи январи соли гузашта Дафтари JICA дар Тоҷикистон  аз  «Филиал» ба «Намояндагӣ» табдил дода шуд, ки мусоидат ба дӯстии суннатии ду кишвар дар доираи расонидани кумаки расмии Ҷопон мекунад. Қаблан, танҳо кумаки бебозгашти Ҷопон ба Тоҷикистон ҳамчун Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд (ODA) амалӣ мешуд,

— Моҳиияти ин барнома аз чӣ иборат аст?

-Барномаи расмии  Ҷопон оид ба рушд (ODA) аз се як бахши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст , ки аз соли 1991, баъд аз пазируфтани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз гардидааст. Ибтидо омӯзгорони Тоҷикистон ба Ҷопон ва баъдан  мутахассисони Ҷопон ба Тоҷикистон дар доираи ин барнома ташриф оварданд. Соли 2000 кумаки грантӣ ва соли 2005 кумаки техникӣ оғоз гардид. Маҷмӯи маблағҳо  барои кумаки грантӣ 270 миллион ва барои кумаки техникӣ 70 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҷопон сеюмин бузургтарин донор дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон тавонист баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ба пешрафти назарраси иқтисодӣ муваффақ шавад, Фикр мекунам  дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ  марҳилаи кумаки қарзӣ расонидани Ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон фаро расидааст. Ҳар қадаре ки ин барнома тезтар амалӣ гардад, ба ҳамон андоза ба манфиати кишвари шумост. Умед дорам он рӯз дур нест, ки якумин кумаки қарзӣ барои Тоҷикистон дода мешавад ва он як саҳифаи тозаеро дар таърихи дӯстӣ миёни ду кишвар оғоз хоҳад бахшид.

Бахши дувум,  пешбурди сармоягузории хусусӣ ва тиҷорат байни ду кишвар аст.

Бахши савум,  маориф ва фарҳанг мебошад. Кумаки Ҷопон дар соҳаи маориф дар чорчӯбаи рушди захираҳои инсонӣ (JDS) хеле муассир ва фарогир аст. Айни замон тақрибан 50 донишҷӯ  дар Ҷопон таҳсил доранд. Ҳарсол ҷавонони лаёқатманд барои гирифтани унвони магистрӣ барои ду сол ба Ҷопон сафарбар мешаванд. Шумораи онҳо соле  аз 5 ба 7 нафар расонида шуд. Як нафар барои гирифтани унвони докторӣ ба Ҷопон сафарбар шудааст. Ман пайваста бо хатмкунандагони JDS мулоқот меороям. Онҳо бо дониши дар Ҷопон андӯхтаашон қодир ҳастанд, ки нақши шоистае дар рушди Тоҷикстон дошта бошанд.

Ғайр аз ин, дар доираи барномаҳои гуногуни JICA қариб 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон  ба Ҷопон фиристода шуданд.

-Дар чорчӯбаи барномаи гуфтугӯйи «Ҷопон+Осиёи Марказӣ» кишвари шумо ба масъалаи мубориза алайҳи терроризм таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Албатта, ин беасос нест. Зеро терроризм ҳоло ҷаҳонро ба ташвиш гузоштааст. Аз тарафи дигар, Ҷопон ҳанӯз охири асри ХХ дар Осиёи Марказӣ ба ин мушкилот рӯ ба рӯ шуд: 9 августи соли 1999 чор нафар геологҳои ҷопонӣ дар Боткенти Қирғизистон ба дасти гурӯҳи террористӣ гаравгон афтода буданд. Ҷопон ба иртиботи мавзӯи терроризм кадом барномаҳоро пиёда месозад?

-Ҷопон ба “идоракунии сарҳад” алайҳи ифротгаройӣ ва терроризм дар Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон, ки марзи тӯлонӣ бо Афғонистон дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аммо чизе, ки   “идоракунии сарҳад”-ро хеле мушкил месозад, дар як вақт «бехатар» ва ҳамзамон «боз» будани он аст. Агар сарҳад танҳо бехатар бошад, иқтисоди маҳаллиро заиф мегардонад ва сафи  экстремистҳо ва террористҳоро зиёд мегардонад. Барои “бехатар” гардонидани сарҳад Ҷопон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), Раёсати Созмони Милали Муттахид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ва Ҳукумати Тоҷикистон дидбонгоҳои сарҳадиро барқарор ва ё месозад. Барои «боз»  кардани сарҳад Ҷопон бо БРСММ (UNDP), ФАО ва Хукумати Тоҷикистон барои беҳтар намудани бозорҳои наздисарҳадӣ, рушди иқтисодиёти маҳаллӣ дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ва беҳтар намудани мубориза ба малахҳо ҳамкорӣ менамояд. Ҳамчунин, Ҷопон  бо САҲА (OSCE) барои омӯзиши коршиносони идораи сарҳад дар «Коллеҷи кадрии идораи сарҳадӣ» САҲА ҳамкорӣ дорад.

Воқеан,  он чаҳор гаравгонафтодагон 25-уми октябри соли 1999 аз дасти террористон бо ёрии Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон раҳоӣ ёфтанд. Мехостам аз фурсат истифода бурда аз номи мардуми Ҷопон миннатдории самимии худро иброз намоям.

-Аслан барномаҳои Ҳукумати Ҷопон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Кам ба назар мерасад, ки барномаҳои кишвари Ҷопон таваҷҷуҳи хоса ба соҳибкории хусусӣ зоҳир кунад ва ҳамкориро дар ин замина ба роҳ монда,  шумораи корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чопонро зиёд намоянд. Сабаб чист?

-Сабаби асосӣ ин сиёсати Ҳукумати Ҷопон оид ба дахолат накардан ба тиҷорати бахши хусусӣ мебошад. Ҳукумати Ҷопон доимо бо нақши дуюминдараҷа дар  тиҷорат ва сармоягузорӣ худро маҳдуд мекунад ва қарорҳои ниҳоиро оид ба сармоягузорӣ ба зиммаи бахши хусусӣ мегузорад ва ташвиқ ё маҷбур ҳам намесозад.

Дар натиҷа, дар муқоиса бо муносибати босамари иқтисодии мо дар асоси лоиҳаҳои сершумор, ки аз тарафи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд (ODA)  маблағгузорӣ мешаванд, сатҳи тиҷоративу сармоягузориҳо кам ҳастанд. Фикр мекунам, ки Ҳукумати Ҷопон бояд  бахши хусусиро сармоягузорӣ, корхонаҳои муштаракро дастгирӣ кунад. Аз ҳама чизи муҳим барои ду кишвари мо ин беҳтар намудани муҳит барои сармоягузорони потенсионалии Ҷопон мебошад.  Аз ин лиҳоз, ки имзои Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукуматҳои мо хеле муҳим мебошад. Гуфтушуниди пешакӣ аллакай соли гузашта гузаронида шуд. Умед дорам, ки гуфтушунидҳои расмӣ ҳар чӣ зудтар оғоз меёбанд.

 Созишномаи сармоягузорӣ муҳити мусоид барои ҷалби сармоягузорони потенсиалии Ҷопонро муҳайё месозад ва дар ин замина,
сармоя ҳам меояду тиҷорат ҳам  густариш мееёбад.

— Матбуоти озод як рукни асосии ҷомеаи демократӣ аст. Намунаи олии он матбуоти Ҷопон мебошад, ки ҳам аз нигоҳи фарогирии афкори омма, ҳам озодандешӣ, ҳам касбияту дар заминаи манфиатҳои миллӣ дифоъ намудан аз ҳуқуқи ҳар фард пешоҳанг мебошад. Оё барномаҳое вуҷуд доранд, ки барои аз таҷрибаи ҳамкасбони ҷопонии худ баҳравар гардидани рӯзноманигорони тоҷик мусоидат кунад?

-Бале, як барномаи хубе аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон амалӣ карда мешавад — “Даъватнома ба матбуоти хориҷӣ”.  Фатҳиддин Маизов, хабарнигори телевизионии “ТВ Тоҷикистон” соли гузашта дар доираи ин барнома ба Ҷопон сафар дошт  ва имконият пайдо кард, ки аз ҷойҳои зиёде дидан намояд, бо бисёре одамон, аз он ҷумла кормандони ВАО-и Ҷопон, суҳбат орояд. Азбаски ин барнома аз ҷониби рӯзноманигорон дар ҷаҳон қадр карда шуд, ман низ даъват кардани хабарнигорони Тоҷикистонро ба Ҷопон давом медихам.

— Дар хоки Тоҷикистон пайдо шудани пайкараи Буддо дар ҳолати нирвана гувоҳӣ аз он медиҳад, ки тоҷикону ҷопониён замоне дини муштарак доштанд. Аз нигоҳи шумо, боз кадом муштаракоте ҳаст, ки ин ду миллатро ба ҳам наздик месозад?

—  Фарханг  чизи муҳим ва муштарак барои мо мебошад, ки мамлакатҳоямонро наздиктар мекунад. Аз замоне ки  Сафири нахустини фавқулода ва мухтори Ҷопон таъин шудам, қариб ба ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон сафар ва  бо тоҷикон  мулоқот  доштам. Боварии комил ҳосил кардам, ки мо як фарҳанги муштарак дорем.

-Чанд сол қабл хабаре пайдо шуд, ки Буддои моро дар Ҷопон ба намоиш мегузоранд, аммо ин лоиҳа сурат нагирифт. Чаро?

— Пас аз Сафир  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан дар семинари бузурги  «Роҳи абрешим», ки аз ҷониби Сандуқи Ҷопон дар Токио баргузор шуда буд, иштирок кардам. Дар он мутахассисони Ҷопон муҳим будани намоиши ин пайкараро дар кишвари мо таъкид карданд. Аммо, мутаассифона, намедонам бо кадом сабабҳо ин лоиҳа амалӣ карда нашуд.

— Қисмати тоҷикистонии “Шоҳроҳи бузурги абрешим” силсилаёдгориҳои таърихиву меъмориро дар бар мегирад, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунанд. Дар заминаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон боз чӣ чизҳое ҳастанд, ки метавонанд мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони ҷопонӣ қарор гиранд?

-Ман қаблан зикр кардам, ки қариб ба ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон сафар кардам. Шаҳри Панҷакент бо потенсали бузурги бостониаш, мисли Панҷакенти қадим ва Саразм,  бинохои таърихӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.              Агар ягон барномаи муштараки Самарқанду Панҷакент барои сайёҳон мавҷуд мебуд,  сайёҳони зиёде метавонистанд аз Ҷопон ба ин минтақа биёянд.Чунин имкониятро қаторкӯҳҳои Помир бо ҳашамат ва  табиати сеҳрангезашон доро мебошанд. Албатта, набудани инфрасохтори туристӣ, аз ҷумла ҷойҳои зисти мувофиқ метавонанд монеи ҷалби бештари сайёҳон шаванд.

— Бо ташаббуси Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон Ҳамрохон Зарифӣ як барномаи хеле хуби башардӯстона – ҷалби парасторони тоҷик барои нигоҳубини бузургсолон дар Ҷопон ва дар зимн аз худ намудани таҷриба аз ҳамкасбони худ дар ин кишвар роҳандозӣ шуд. Назари шумо нисбати ин барнома чист ва шумо ин барномаро дастгирӣ мекунед? 

  -Ҳамрохон Зарифӣ воқеан сафири шоиста аст ва дар пайи ҳимояи манфиатҳои Тоҷикистон қарор дорад. Албатта, таҷриба ва дониши мукаммал имкон фароҳам меоварад, ки ӯ нуктаҳои муҳими ҳамкориро дарёфт ва пешбарӣ намояд. Ҷопон яке аз ҷомиаҳои пиронсол дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат Барномаи парасторӣ дар кишвари мо муҳим мебошад.  Ин барнома ҳамчуни имконият фароҳам меоварад, ки сафарбаршудагон касби парасториро дақиқ омӯзанлд ва он барои Тоҷикистон низ муҳим хоҳад буд. Ман  ин барномаро дастгирӣ мекунам. Барои амалигардонии он омодагии ҷиддӣ зарур аст. Чунки парасторӣ касби хеле нозук аст, сафарбаршудагон бояд моҳият ва нозукиҳои онро дақиқ омӯзанд. Ҳамчунин донистани забони ҷопонӣ барои муошират бо одамони пиронсол лозим аст,

Ҷопон дар Тоҷикистон маркази хайриявӣ дорад. Ин марказ асосан ба кадом корҳо машғул аст?

 -Дар Тоҷикистон як созмони ғайридавлатии Ҷопон бо номи “AAR Japan” (Ассосиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷопон дар Душанбе ва Ҳисор бо лоиҳаҳои хайриявӣ, мисли  “Таҳсилоти инклюзивӣ (хонандагони имконияташон маҳдуд метавонанд бо дигар хонандагон таҳсил кунанд)” фаъолият дорад.

            13-уми ноябри 2017 бо дастгирии созмони ғайридавлатии маҳаллӣ «Дар як Замин» дар шаҳри Душанбе як қаҳвахонаи иҷтимоӣ кушода шуд, ки аз тарафи хатмкунандагони барномаи “Таҳсилоти инклюзивӣ” идора карда мешавад. Ин қаҳвахона ягона дар Тоҷикистон аст, рӯҳияи хайрияро, ки Ҷопон онро оғоз кард, таҷассум менамояд.

— Сафорати Ҷопон ба санъати тасвирӣ, тарғиби расму русум ва анъаноти мардумиаш таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Гувоҳи он чанде қабл дар Маркази Исмоилиён баргузор гаштани ҷашнвораи фарҳанги форсӣ таҳти унвони «Рӯзи Ҷопон» мебошад. «Рӯзи Ҷопон» чӣ ҷашнвораест, ки дар Тоҷикистон ҳамасола ҷашн гирифта мешавад?

-Ин бузургтарин чорабиниест, ки Сафорат соли сеюм дар Тоҷикистон баргузор мекунад.Фестивал якчанд чорабиниҳои фарҳангиро фаро мегирад. Дар он ҷо меҳмонон метавонанд аз маросими “Садо”(санъати омодасозии маросими чойтайёркунӣ), намоиши “Будо” (ҳарбзании ҷопонӣ), “Оригами” (намудхои гуногуни шаклсозӣ аз қоғаз),    консертҳои асбобҳои мусиқии чопонӣ ва ғайра лаззат баранд!

 Мақсади асосии “Рӯзҳои Ҷопон” муаррифӣ намудани фарҳанги Ҷопон аст. Агар меҳмонони ин ҷашнвора ғайр аз маҳсулоти ба онҳо шинос ягон чизи навро эҳсос бикунанд, ин маънои муваффақияти  «Рӯзҳои Ҷопон»-ро медиҳад.

  Соли гузашта, дар муддати ду рӯз зиёда аз 4,444 нафар дар ин чорабинӣ ташриф оварданд. Имсол, рӯзҳои 17-ум ва 18-уми феврал ин чорабинӣ дар шахри Душанбе баргузор мегардад ва  шумо хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон»-ро низ даъват менамоям!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *