Шӯрои уламо аз сокинон хост, дар зери чароғакҳо ғизо тақсим накунанд
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ аз шаҳрвандон ва афроди хайрхоҳ даъват кард, ки аз тақсими ғизо ва садақа дар зери чароғакҳои роҳнамо ва сари роҳҳои серодам худдорӣ намоянд.
Ба таъкиди ин ниҳоди динӣ, ҳарчанд нияти ҷавонон ва шахсони саховатпеша дар лаҳзаҳои ифтор нек аст, аммо чунин тарзи кумак боиси банд шудани роҳҳо ва эҷоди мушкил барои дигар рӯзадорон мегардад.

Тибқи иттилои Шӯрои уламо, ҳангоми тақсими обу ғизо ба ронандагон ва мусофирон дар зери чароғакҳо ҳаракати нақлиёт суст шуда, тамбашавии тӯлонӣ ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа, садҳо нафаре, ки онҳо низ рӯзадор ҳастанд, наметавонанд саривақт ба ифтори хонаводагӣ расанд.
Дар изҳорот зикр шудааст, ки Ислом дини низом ва эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон буда, мувофиқи аҳкоми шариат амале, ки ба дигарон азият мерасонад, савоби комил надорад.
Бо такя ба оятҳои Қуръон, махсусан сураи “Тавба”, таъкид шудааст, ки садақа пеш аз ҳама барои фақирон, мискинон, ятимон ва дармондагон муқаррар гардидааст.
Аз ин рӯ, Шӯрои уламо аз ҳамватанон хоҳиш кардааст, ки хайру садақоти худро тибқи талаботи шариати исломӣ ва дур аз риё ба оилаҳои камбизоат, пиронсолони танҳо, шахсони бемор ва дигар ниёзмандон пешниҳод намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ