Қатъи парвозҳо дар хатсайри Душанбе–Теҳрон

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар пасманзари нооромиҳо дар Ховари Миёна аз боздошти муваққатии парвозҳо дар масири Душанбе–Теҳрон хабар дод.

Ба иттилои ширкат, бинобар маҳдудиятҳои ҷорӣ дар истифодаи фазои ҳавоии минтақа, иҷрои ин хатсайр то 31-уми март қатъ мешавад.

Рӯзи 3-юми март “Сомон Эйр” ба мусофироне, ки барои ин давра билет доранд, тавсия додааст, ки пеш аз сафар вазъи парвозро тавассути сомонаи расмии ширкат мушаххас намоянд.

Ҳамчунин, барои дарёфти маълумоти иловагӣ мусофирон метавонанд бо маркази тамос бо рақамҳои зерин муроҷиат кунанд:

Тел: +992 44 640 40 49, +992 44 640 40 50
WhatsApp: +992 93 777 74 59.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *