Паёми ҳамдардии Озарахш ва Фарзона ба сафири Эрон дар Душанбе
Шоирони халқии Тоҷикистон – Толиб Карими Озарахш ва Фарзонаи Хуҷандӣ дар пайи кушта шудани Роҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ ва дигар мақомдорони ин кишвар ба сафири Эрон дар Душанбе паёми ҳамдардии худро ирсол карданд.
Дар ин паём шоирони тоҷик ба сафир ва мардуми Эрон таслият гуфта, изҳор доштаанд: «Чӣ фархунда умре, ки дар роҳи наҷоти Ватан фидо шавад ва чӣ поянда номе, ки бар пештоқи меҳан ва дар ҷаридаи қалбҳои мунаввар барои ҳамеша сабт гардад».
Ҳамчунин, дар паём омадааст: «Пайваста ба даргоҳи Ҷаҳондори якто ниёиш мекунем, ки миллати хуҷастаи Эрон ва мардумони ин диёри бостон ва росткеш – ҳамдилон ва ҳамзабонони ҷовидони мо аз шарри аҳриманони ҷаҳонхор дар амон монда, раҳоӣ ёбанд ва парчами пирӯзиро баланд афрозанд».
Озарахш ва Фарзона дар идомаи паёми худ Эронро ба унвони «мазҳари фазлу адаб ва ишқу ирфон» ситоиш кардаанд.
Сафорати Эрон дар Душанбе бо дарёфти ин паём аз шоирони тоҷик изҳори сипосгузорӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки Озарахш ва Фарзонаи Хуҷандӣ аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти муосири тоҷик буда, дар ҳавзаи форсизабонон низ шӯҳрати зиёд доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ