Шаҳри Турсунзода: Пиразани танҳову ранҷур наҷот дода шуд

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода аз наҷоти як пиразани ба тахмини ҳамсоягон 70-сола хабар дод, ки дари хонааш баста шудаву мустақилона натавонистааст онро боз кунад.

Кормандони наҷот ба ҷойи ҳодиса расида, муайян кардаанд, ки ин пиразан 67 сол дорад ва бемор асту нотавон. Бе парастор танҳо зиндагӣ мекунад. Ҳамчунин фаҳмидаанд, ки ҳангоми хурӯҷи беморӣ афтодаву дар ҳоли вазнин қарор гирифтааст.

Имдодгарон ҳамчунин фаҳмидаанд, ки дари хонаи ин пиразан аз берун бо калид маҳкам намешавад ва гона имкони боз кардани дар аз дохили хона аст. Онҳо аз ошёнаи чоруми бино аз тиреза вориди хона шуда, дарро боз кардаанд.

Пиразани бемору гирифторро фавран ба беморхона интиқол додаанд. Гуфта мешавад, ки айни замон ӯ дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ буда, ба табобат фаро гирифта шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.