Шакира рекорд нишон дод

Як видеои кӯтоҳи овозхони маъруф Шакира дар байни ҳамагӣ 15 соат алакай 2,3 миллион тамошобин пайдо кардааст.

Шакира дар ин навор дар байни кишварҳое ки албоми нави ӯ бо номи El Dorado ҷои аввалро гирифтааст, аввал аз ҳама аз Тоҷикистон ном мебарад.

Овозхони маъруфи зодаи Колумбия Шокира дар як видеои кӯтоҳ, ки бо телефони мобил ва дар дохили мошин сабт шудааст, кишварҳоеро, ки дар он албоми нави ӯ бо номи El Doradoбилофосила ба ҷои аввал баромад, ном бурдааст. Ончӣ диққати корбарони тоҷикро дар ин навори сода ба тарафи худ кашидааст, ин аст, ки Шакира рӯйхати кишварҳоеро, ки ӯро меписанданд, бо як садои пур аз шодиву фараҳ аз Тоҷикистон оғоз мекунад:

-Because number one in Tajikistan!

Ҳамнишинҳои Шакира низ дар пайи гирифтани номи Тоҷикистон бо як овоз истиқбол мекунанд:

Woohoo!

Дар идомаи навор Шакира ба ҳамин минвол аз Маҷористон, Колумбия, Аргентина, Мексика, Экватор ва ҳатто аз Арабистони Саудӣ ёд мекунад, ки ба вай рақами якро додаанд ва атрофиёни овозхон бо ҳамон нидои «Woohoo!” аз ҳар кишвар истиқбол мекунанд. Дар охир ӯ ҳисобашро гум мекунад ва баъди пурсидан аз як ҳамроҳаш ҷамъбаст мекунад, ки дар 37 кишвар албоми El Dorado дар мақоми аввал аст.

Ин видеои кӯтоҳи нимдақиқагиро дар байни 15 соат алакай 2,3 миллион нафар тамошо кардаву 112 ҳазор нафар зераш лайк мондаанд. Қариб 3 000 нафар ин видеорро бознашр карда, беш аз 3 ҳазор нафар зераш шарҳ навиштаанд. Аз ҷумла садҳо тоҷик ба шарафи аз ҳама аввал аз Тоҷикистон ном гирифтани Шакира.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *