Шарҳи худкушии домоду арӯс дар Вахш

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҳанӯз 27-уми марти соли равон домоду арӯс баъди ҳамагӣ се-чор рӯзи зиндагии муштарак якҷо даст ба худкушӣ зада буданд. Сабаби ба чунин кор даст задани онҳо бемории руҳӣ гуфта шуд.

Қурбон Юсупов, раиси ноҳияи Вахш дирӯз, 25-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки домоду арӯс бемории руҳӣ доштаанд: “Маълумоте, ки мо дорем, онҳо бемории руҳӣ доштанд. Инро на падарашон медонад, на касе мехоҳад. Ягон ҷангу ҷалҷол ҳам нашудааст. Ростӣ, хуб нест. Мо ҳам ҳайрон шудем, ки чаро чунин кор шуд”.

Исмоилзода Салоҳиддин, прокурори ноҳияи Вахш афзуд, ки “аз ҷониби мо дар ин масъала қарор қабул карда шуд”. Ӯ гуфт: “Падару модарон пурсида шуданд. Яке аз далелҳое, ки онҳо бемории руҳӣ доштаанд, ин буд, ки онҳо чанд маротиба аз ҷониби мулло хонда шудаанд. Падару модарон ҳам гуфтанд, ки онҳо шабона баромада сари замин мерафтаанд. Мегаштаанд. Ҳаминҳо далелҳо мешаванд”.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз 27-уми марти соли 2022 дар ноҳияи Вахш домоду арӯс якҷо даст ба худкушӣ заданд. Сомонаи Pressa.tj аввалин шуда аз қавли манбаъҳои хеш аз ин ҳодиса хабар дод.

Ҷавонон дар деҳаи Яккатути ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш зиндагӣ мекарданд. Ҷавонони худкушикарда Шарифбек Зиёев, сокини ноҳияи Вахш ва Гулҳавас Шоева, сокини ноҳияи Кӯшониён буданд. Онҳо шаби 26 ба 27-уми марти соли 2022 тахминан соатҳои як шабона дар манзили истиқоматии домод, дар оғилхона худро ба дор овехтаанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.